Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулис сӯхтор дар Калисои Баптистии Қирғизистонро таҳқиқ мекунад


Калисои Баптистҳо
Калисои Баптистҳо

Пулиси Қирғизистон сӯхтор дар Калисои Баптистиро, ки гуфта мешавад шояд ҳамлаи ҳадафмандона бошад, таҳқиқ мекунад.

Сталбек Усубакунов, сухангӯи пулиси маҳаллӣ дар шаҳри Тон рӯзи 4 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сӯхтор шаби гузашта ба вуқӯъ пайваст ва касе дар он осеб надид. Сухангӯи пулис ба далели идома доштани таҳқиқот аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ кард.

Раҳбари Калисои Масеҳиёни Инҷилии Қирғизистон Александ Шумилин ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба маълумоти ӯ ба тирезаи калисо "коктейли Молотов" партоб шудааст.

Дар чанд соли ахир вазъи қирғизҳое, ки дини масеҳиро қабул карданд хеле бад шуд ва дар баъзе деҳкадаҳо мурдаи мусалмонҳои месеҳишударо ба қабристон роҳ надоданд. Ин ҳолат Калисои Масеҳиёни Инҷилиро водор кард, ки барои пайравонаш дар деҳкадаи Қаро Сӯ, макони Калисои Баптистӣ, қабристони алҳоида бунёд кунад.

Раиси деҳкадаи Қаро Сӯ Помир Кутаев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз шарҳи ин ҳодиса ҳамчун бадбинии мазҳабӣ ҳушдор дод.

XS
SM
MD
LG