Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон постгоҳои пулисро дар роҳҳо коҳиш дод


Гузаргоҳи Узбакистон

Вазорати корҳои дохилии Узбакистон мегӯяд, ки 54 нуқтаи назоратии пулис ё постгоҳро аз роҳҳои байни вилоятҳои ин кишвар бардошт.

Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 22 декабр ҳангоми ироаи паём ба порлумон аз мавҷудияти ин постгоҳҳо изҳори норизоӣ кард. Ӯ гуфт, постгоҳҳо монеи ҳаракати озод мешаванд ва ба муносибатҳои тиҷориву иқтисодӣ ва саёҳати мардум таъсири манфӣ мерасонанд.

Дертар вазири корҳои дохилии Узбакистон Пулод Бобоҷонов дар суҳбат бо расонаҳо хабар дод, ки дар маҷмуъ дар роҳҳои байни вилоятҳои кишвараш 133 нуқтаи назоратии пулис мавҷуд аст.

Баъди интиқоди Мирзиёев ВКД Узбакистон барои омӯзиши зарурати фаъолияти постгоҳҳо комисияи махсусеро ташкил кард. Дар натиҷа ҳайати комисия ба хулосае расиданд, ки 66 постгоҳ бояд бардошта шавад.

Вазорат мегӯяд, то имрӯз 54 нуқтаи назорати пулис аз роҳҳои байни вилоятҳои Узбакистон бардошта шуда, омӯзиши фаъолияти постгоҳҳои дигар идома дорад.

Видеоҳои охирин

"Мардум аз ҳукмҳои вазнин шикоят доранд"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG