Пайвандҳои дастрасӣ

ВАО: дар ҳамла ба пойгоҳи Русия дар Сурия 2 сарбози рус кушта шуд


Ҳавопаймоҳои Русия дар пойгоҳи Ҳмеймими Сурия

Дар натиҷаи гулӯлаборони пойгоҳи низомии Русия дар Хмеймими Сурия на камтар аз ҳафт ҳавопаймо тахриб ва ду сарбози Русия кушта шуд. Дар ин ҳодиса, ки 31 декабр рух дод, наздики 10 низомӣ ҷароҳат бардошт.

Дар ин бора нашрияи "Коммерсантъ" рӯзи 4 январ бо такя ба манбаъҳои дипломатӣ ва низомӣ хабар дод. Хабари ҳамла ба пойгоҳи Русия дар Ҳмеймимро баъдан Вазорати мудофиаи Русия низ тасдиқ кард.

Дар пайи ин ҳамла дастикам ҳафт ҳавопаймои чнгии Русия нобуд шуд. Аз шумори ҳавопаймоҳои тахрибшуда 4 адад бомбаафкани Су-24, ду ҳавопаймои қиркунандаи Су-35С ва як ҳавопаймои борбари Ан-72 будааст. Гуфта мешавад, пойгоҳро тундгароён гулӯлаборон кардаанд. Пойгоҳи Хмеймимро артиши ҳукумати Сурия муҳофизат мекунад.

Расонаҳои Русия ва мақомоти ин кишвар аз як ҳамлаи дигар низ хабар медиҳанд, ки 27 декабр сурат гирифтааст. Ба гуфтаи мақомот, дар он ҳамла одамон ва техника зарар надидаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG