Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ Русияро дар сохтакории мавод айбдор кард


Михаил Саакашвилӣ, раҳбари ҷумбиши “Ҳизби нирӯҳои тоза”-и Украина ва собиқ президенти Гурҷистон Хадамоти федеролии амнияти Русияро дар сохтакории шаҳодати зидди ӯ дар додгоҳ айбдор кард. Саакашвилӣ ин иттиҳомотро баъди он ба забон овард, ки дар ҷараёни мурофиа дар Киев додситонҳо аз додгоҳ хостанд, ки барои худдории Саакашвилӣ аз посух додан ба саволҳои раёсати Хадамоти амнияти миллии Украина ба ҳабси хонагӣ гирифта шавад.

Додрасҳо гуфтанд, ки мурофиа рӯзи 11 январ идома хоҳад кард. Додситонҳои Украина Саакашвилиро, ки то соле пеш раиси вилояти Одесса буд, дар он муттаҳам карданд, ки ба «гурӯҳи ҷиноии» ба раҳбарии собиқ президент Виктор Янукович, ки феврали соли 2014 аз кишвар фирор кард, кӯмакҳо кардааст. Мақомоти украинӣ инчунин иддао карданд, ки эътирозҳои ба раҳбарии Саакашвилӣ дар Украина аз ҷониби Русия ба хотири сарнагун кардани қудрат дар Киев ташкил шудаанд.

Бахше аз айбномае, ки дар ин парванда ворид шудааст, ба сӯҳбатҳои телефонии Саакашвилӣ ва як соҳибкори рус рабт мегирад, ки дар Русия паноҳ бурдааст. Додситонҳо иддао кардаанд, ки соҳибкор Сергей Курченко ба Саакашвилӣ барои ташкили бебандубориҳо дар Украина маблағ додааст. Ин ҳамаро Саакашвилӣ рад мекунад.

XS
SM
MD
LG