Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ҷиззах парасторонро ба рӯбучини коргоҳи раиси ноҳия маҷбур мекунанд


Кормандони муассисаи тиббиро дар ноҳияи Дӯстлики вилояти Ҷиззахи Узбакистон маҷбур мекунанд, ки утоқи раиси ноҳияро рӯбучин кунанд, анҷоми шахсиашро бишӯянд ва пойафзолҳояшро пок кунанд. Ин иттилоъро як корманди дастгоҳи раиси ноҳия рӯзи 2 январ ба Бахши Узбакии Радиои Озодӣ тасдиқ кард.

Як сокини ноҳияи Дӯстлик мегӯяд, кормандони муассисаи тиббиро маҷбур мекунанд, ки утоқи кориву истироҳатӣ ва утоқи дастшӯии раиси ноҳияро поккорӣ кунанд. "Дар ин бора худи фаррошони муассисаи тиббӣ ба ман хабар доданд. Онҳое, ки аз ин кор сарпечӣ мекунанд, таҳдиди аз кор ихроҷ шудан мешунаванд. Оё ҳеч ниҳоде нест, ки ҳуқуқи занонро ҳифз кунад?", - суол медиҳад ин сокини ноҳия.

Яке аз фаррошони муассисаи тиббӣ мегӯяд, роҳбарияти муассиса онҳоро ба поккории утоқҳои раис мефиристад.

Ба гуфтаи ин корманд, ба ҷуз аз шустушӯи утоқҳои корӣ, онҳоро маҷбур кардаанд, ки ҷиҳози шахсии раисро ҳам пок кунанд. "Ду ҷуфт ҷӯроби раисро маҷбур карданд, ки бишӯем ва пойафзоли ӯро пок кунем. Оё раис зану духтар надорад, ки моро ба ин корҳо маҷбур мекунанд? Мо ки хизматгорони шахсии ӯ нестем", - мегӯяд фарроши муассиса.

Раиси ноҳия ба сардухтури бемористони марказӣ дастур додааст, ки ҳар се рӯз фаррошони муассисаҳои тиббӣ коргоҳи ӯро шустушӯ кунанд.

Видеоҳои охирин

Акнун кадуи рекордӣ 645 килограмм вазн дорад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:34 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG