Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситораҳои Ҳолливуд ҷумбиши зидди озори ҷинсиро таъсис доданд


Муқоваи маҷаллаи "Таймс"
Муқоваи маҷаллаи "Таймс"

Наздик ба 300 ҳунарманди театр, синамо ва телевизион бо ҳадафи мубориза бо хушунати ҷинсӣ ва табъиз ҷумбиши "Time's Up" (Сабр саромад)-ро таъсис доданд. Дар байни ситораҳое, ки аз ин ҷумбиш намояндагӣ мекунанд, - Мэрил Стрип, Наталӣ Портман, Риз Уизерспун, Эмма Стоун, Эшлӣ Ҷадд, Ева Лонгория, Керрӣ Вашингтон, Алисса Милано, Мэггӣ Ҷилленҳол ва дигарон ҳузур доранд.

Онҳо рӯзи 1 январ аз тариқи нашрияи "The New York Times" ба пуштибонии молии ин бунёд, ки қарор аст ба қурбониҳои ҷиноятҳои ҷинсӣ кӯмаки ҳуқуқӣ расонад, даъват карданд.

Муаллифони тарҳ ҳамчунин ба қатъи нобаробарии ҷинсӣ даъват карданд, то занҳо тавонанд мақомҳои бонуфӯзро ишғол кунанд ва маоши баробари ба мардҳо бархурдор шаванд. Онҳо ҳамчунин мехоҳанд, ки қонунҳои зидди дастдарозии ҷинсӣ шадидтар шаванд.

Моҳҳои ахир мавҷи ҷанҷолҳои марбут ба хушунати ҷинсӣ дар ИМА баланд шуд. Аввалин нафари ангуштнамо коргардони Ҳолливуд Ҳарвӣ Вайнштейн буд, ки ба дастдарозии ҷинсӣ ва таҷовуз муттаҳам мешавад. Беш аз 10 зан, бо шумули ситораҳои синамо гуфтанд, ки онҳо мавриди хушунати ҷинсии Вайнштейн буданд ва коргардон дар ивази нақшофарӣ дар филм аз онҳо ҳамхобагӣ талаб мекард. Ҳарвӣ Вайнштейн ҳоло таҳти бозҷӯӣ қарор дорад ва иттиҳомро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG