Се саги навъи овчаркаи олмонӣ тақрибан 20 сол аст, ки рӯзии ҳамсарони 70-соларо дар Душанберо таъмин мекунанд. Светлана ва Юрий Колосовскийҳо, ки ҳар кадом танҳо 240 сомонӣ нафақа мегиранд, ҳамеша ошиқи саг буданд ва парвариши саг барояшон мояи даромад ҳам шуд.
Светлана собиқаи 40-солаи парвариши сагро дорад. Маъмулан сагҳои модина парвариш мекунад ва ҳар саги модина дар як сол то 2 дафъа насл медиҳад. Сагбачаҳоро то якуниммоҳагӣ парвариш мекунанд ва баъдан бо арзиши то 2500 сомонӣ мефурӯшанд. Шумори хоҳишмандони сагҳои овчаркаи олмонии Светлана хеле зиёд аст.
Светлана Колосовская қиссаҳои зиёде аз вафодории сагҳояш дорад. Аммо вафодорӣ ва садоқати ин ҷонварҳоро замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон бештар эҳсос кардааст.
Светлана Колосовская дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "қаблан ман сагҳои навъи доги олмониро парвариш мекардам ва он замон талабот ба ин насли сагҳои олмонӣ зиёд буд. Ҳозир фаҳмиши мардум дигар шудааст ва мардум намедонанд, ки доги олмонӣ чӣ аст. Баъдан ман навъи саги алабайро барои тарбият гирифта будам. Аз Қазоқистон оварда буданд. Сагҳои боақл буданд”.
Хонум Светлана мегӯяд, ба ҳар саг бояд ба таври хос муносибат кард. Тавре мегӯянд, аз таҳи дил ва бо ишқи зиёд бояд муносибат кунӣ, чунки сагҳо ин меҳрро даҳ баробар бештар бармегардонанд. Вай бо ишора ба cе овчаркаи олмонӣ, ки ҳоло дар манзилаш парвариш мекунад, гуфт: “Ин сагҳо сарсупурдатарин ҳастанд. Назар ба одамон, бо сагҳо хубтар забон меёбам. Одамҳо бадрафтору дағал шудаанд. Вале саг ҳеҷ гоҳ туро намефурӯшад. Саг дӯсти аввалини инсон аст”.
Светлана Колосовская қиссаҳои зиёде аз вафодории сагҳояш дорад. Аммо вафодорӣ ва садоқати ин ҷонварҳоро замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон бештар эҳсос кардааст. “Шумо хуб медонед, ки солҳои 1990-ум дар Тоҷикистони мо чӣ мегузашт. Он замон ман чор саг доштам. Ягон ҷинояткор наметавонист ба манзили ман дарояд. Дари манзили ман ҳамеша боз буд. Чун дар даст силоҳ ба назди дарвозаи ман меомаданд, аз тарси сагҳоям мегуфтанд, ки «сагҳоятро бигир». Ман мегуфтам, чаро шумо бо силоҳ назди дари хонаи ман меоед. Сагҳои ман нафарони силоҳбадастро дӯст намедоранд. Ман одат накардаам, ки ба хонаи ман бо силоҳ дароянд. Марҳамат, бе силоҳ биёед, чой нӯшед,” - қисса кард ӯ.
Таърихи дӯстии саг бо инсон тибқи маълумоти бостоншиносон ба 10-15 ҳазор сол пеш мерасад. Саг аз насли гургҳои бостонӣ гуфта мешавад, ки дар натиҷаи дарёфти пасмондаи ғизоҳои инсонҳо атрофи кулбаву бошишгоҳо ба инсон унс мегиранд ва шаклашон низ дар тӯли таърих тағйир меёбад.
Нуриддин Мирзоев, ходими илмии Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, инсон сагҳоро дар тамоми соҳаҳо васеъ истифода мебарад. Аз он ҷумла ҳамчун воситаи нақлиёт дар Ёқутистон, ки як минтақаи сардтарин ва барфпӯши Русия аст.
“Дар кофтукови корҳои ҷиноӣ бештар истифода мебаранд. Чунки дар онҳо узви босира, узви шомеа ниҳоят хуб рушд кардааст. Донишмандони соҳаи тиб аз рӯи таҳлили баъзе бемориҳо сагҳоро низ истифода мебаранд. Чунки саг аз тариқи буй қобилияти дарк кардани баъзе бемориҳоро доранд”,-афзуд Нуриддин Мирзоев.
Ҳоло дар ҷаҳон ҳудуди 200 зоти сагҳои мухталиф вуҷуд дорад, ки хурдтарини он 15 сантиметр ва бузургтаринаш якуним метр қад доранд. Саг яке аз ҷонваронест, ки метавонад бо гург дурага шавад ва насл офарад. Вазифаи саг аз посбониву нигоҳубини чорво ҳам аст.
Бо назардошти ин ҳама хислатро боваре ҳаст, ки гӯё мучали ҳар сол ба инсоне, ки дар он сол таваллуд шудааст, хусусиятҳои хосе мебахшад. Вале нуҷумшиносони тоҷик бо ин андеша розӣ нестанд. Абдуҷалол Сафаров, устоди кафедари астрономияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ба ин масъалаҳо танҳо аз назари илм муносибат мекунад, гуфт чунин иддаоҳо на аз назари илмӣ ва динӣ исбот нашудаанд.
Вай мегӯяд “агар мо ба ҳисоби миёна бигирем, ки дар давлатҳои Осиёи Марказӣ 10 миллион нафар зиндагӣ дорад ва онро ба 12, яъне ҳисоби мучал тақсим кунем, тақрибан 830 ҳазор нафар зери як мучал таваллуд шудаст. Пас агар мучали 830 ҳазор нафар саг бошад, онҳо оё табиати хоси саг ва рафторҳои марбути саг доранд. Не, албатта. Шояд 1 ё 2 нафари онҳо ба ҳамин рафторҳои саг шабоҳат дорад. Мардум аз бесаводӣ ҳаминро асл қабул карда чунин мегуфтанд”.
Албатта иттифоқи ҳодисаҳои тӯли як сол пешгӯинашаванда аст. Аммо дар Тоҷикистон аксарият умед доранд, соли 2018, ки соли саг аст, мисли табиати он ҷонвар ба соли вафодориву садоқат табдил шавад.
Хукумат агар дар дасти як кас е як оила бошад кор хамин хел мешавад. Сархадбонро гирифта раиси бадахшон гузоштанд, холо хам дар сархад ноороми хам дар Бадахшон. Анна сиесати кадерии хукумат
Амрико бояд шахсоне, ки озодии матбуотро махдуд мекунанд ва хабарнигоронро хадафи хамла карор медиханд бояд тарним кунад. Тахти тарним бояд президент ва оилааш, тими ятимов ва рахимовро карор гирад. The US government need to take sanctions against those who limits the freedom of independent media a and puts the life of the journalists under threat . The list is including the present Rahmon and his family and also the team of Yatimov and Rahimov
силсилаи ҳаводис дар Бадахшон гувоҳи сатҳи пасти донишу касбияти кадрҳои Ҳукумати маркази мебошад, дигар сабабаш таъмин набудани адолату қонуният ва зиёдаравии сохторҳои қудрастӣ аст.
Дар Точикистон имруз хукумат тахти як хоноводаи бесавод амал карда истодааст. Ин хукумат дурбин нест чун стратегияи хукумрониро умуман намефахмад. Хатто сарфам намеравад ки газаб зарра бо зарра дар калби одамон чамъ шуда рузе меояд ин газаб аз чор тараф баромада чомеъа метаркад хама чизро зери пои худ пора пора мекунад. Окибат ба назар сахт ташвишовар мерасад.
Нав фахмиди, ки авлод бо бизнесхояш аз давлату миллат болотаранд?