Пайвандҳои дастрасӣ

Нашри китоби адиб ва донишманди тоҷик дар Қоҳира


Китоби донишманд ва мутарҷими тоҷик Назруллоҳи Назар дар нашриёти "Шамс"-и Қоҳира бо номи "Авроқун мутафарриқа" ("Парокандабаргҳо") бо забони арабӣ ба нашр расид. Назруллоҳи Назар узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва сафири пешини Тоҷикистон дар Миср мебошад.

Боби аввали китоб шеърҳои худи муаллифро дар васфи диёраш дар бар мегирад. Дар қисмати дувуми ин китоб намунаҳои ашъори шоирони номдори тоҷик ва дигар шоирони маъруфи кишварҳои ИДМ, ки тайи солҳои гуногун дар тарҷумаи Назруллоҳи Назар дар матбуоти арабӣ нашр шуданд, гирд оварда шудааст. Бахши дигари ин китоб шеърҳои шоирони араб, аз ҷумла Муҳаммад Солеҳ Баҳрулулум (Ироқ), Муин Бсису (Фаластин) ва Ҳасан Иброҳим ан-Наққошро (Ироқ), дар бар мегирад, ки дар васфи Тоҷикистон гуфта шудаанд.

Ин барои бори аввал нест, ки намунаи тарҷумаҳои ин донишманд ва адиби тоҷик бо забони арабӣ ба нашр мерасад. Соли 1998 маҷмӯаи шеъҳои бачагонаи Мирсаид Миршакар “Басмату-л-бароъим” (“Табассуми ғунчаҳо”) дар Душанбе, асарҳои саҳнавии Сотим Улуғзода, Меҳмон Бахтӣ ва Ҷумъа Қуддус соли 2002 дар Димишқ ва ашъори ду шоири шинохтаи тоҷик Гулрухсор ва Гулназар соли 2006 дар Кувайт бо номи “Вардатун фи-л-хадди ва ухро фи-н-назар” (“Гули рухсор ва гули назар”) чоп шуда, манзури хонандаи араб гардида буданд.

Ин сеюмин китоб аз Тоҷикистон аст, ки дар Қоҳира ба табъ мерасад. Қаблан он ҷо китоби “Тоҷикистон: дипломатияи об” ва китоби чорҷилдаи Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” пурра ба забони арабӣ нашр шуда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG