Пайвандҳои дастрасӣ

Умедҳои солинавии раҳбарони ҷаҳон. Аз дабири кулли СММ то Эмомалӣ Раҳмон


Антонио Гуттериш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар паёме ба муносибати Соли нави милодӣ гуфт, ки ҷаҳон бо хатарҳое чун миллигароӣ, бегонаситезӣ, тафовути табақотӣ ва ҳатто ҷанги атомӣ, рӯбарӯ аст. Дабири кулли СММ таъкид кардааст, ки ин хатарҳоро бо талошҳои якҷоя метавон бартараф кард.

Дабири кулли СММ дар баёнияи худ навишт, вақте як сол пеш ин масъулиятро ба дӯш гирифт, дархост кард, ки соли 2017 соли сулҳ бошад, аммо мутаассифона ба шакли бунёдӣ, ҷаҳон ба тарафи комилан мухолиф рафт. Антонио Гуттериш дар идома гуфтааст, дар соле, ки сипарӣ шуд, "мухолифатҳо амиқтар шуд ва хатарҳои нав аз он берун омад. Нигаронӣ аз силоҳҳои ҳастаӣ дар баландтарин ҳадди худ аз даврони Ҷанги сард то ба ҳол аст."

Раҳбари Кореяи Шимолӣ дар паёме, ки телевизиони давлатии он кишвар нашр шудааст, ба Амрико ва муттаҳидонаш ҳушдор дода ва гуфтааст, ки дар рӯи мизи кораш як тугма барои шиллики силоҳи ҳастаӣ вуҷуд дорад.

Ишораи дабири куллии СММ ба кашмакаш миёни ду кишвари мусаллаҳ ба кулоҳакҳои атомӣ -- Кореяи Шимолӣ ва Амрико аст. Кореяи Шимолӣ чанд мушак озмоиш карда ва боиси нигаронии кишварҳое чун Кореяи Шимолӣ ва Ҷопон, ки муттаҳидони Амрико ҳастанд, шудааст.

Кореяи Шимолӣ ҳамчунин дар соли 2017 танишҳо бо Амрикоро боло бурд ва ҳатто таҳдид кард, мушакҳои нав ва дурпарвозро озмоиш кардаааст, ки метавонад ба Амрико бирасад. Пас аз ин озмоишҳои мушакӣ, Шӯрои амнияти СММ алайҳи Кореяи шимолӣ таҳриҳои нав ҷорӣ кард.

Дабири кулли СММ дар баёнияи худ гуфтааст, "тағйироти иқлимӣ хеле зуд пеш меравад. Тафовути табақотӣ дар ҳоли бештар шудан аст. Мо нақзи рӯшани ҳуқуқи башар ҳастем". Ӯ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод кардааст, ки "ҳамаи ин муноқишаҳо қобили ҳал аст. Метавон бар танаффур ғалаба кард ва аз арзишҳои муштарак ҳимоят намуд. Вале танҳо роҳи он, ҳамкорӣ бо якдигар аст."

Вай аз раҳбарони ҷаҳон хостааст, ки ихтилофҳоро кам карда ва пулҳои иртибототӣ бунёд кунанд. Вай ҳамчунин даъват кардааст, ки эътимодро бо гирд овардани мардум дар баробари ҳадафҳои муштарак бозсозӣ кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар паёми телевизионии худ ба муносибати Соли нав гуфт, ки "дар айёме, ки манфиатҷӯиҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии қудратҳои ҷаҳонӣ торафт шиддат пайдо карда, дар натиҷа вазъи сайёра рӯз ба рӯз мураккабу буҳронӣ шуда истодааст, ҳамаи мо вазифадорем, ки барои ҳимояи истиқлолияту озодӣ, яъне неъмати бузургтарини зиндагиамон ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон ҳамеша омода бошем."

Президенти Чин дар паёми худ ба муносибати Соли нави милодӣ гуфтааст, ки ҳоло ҷаҳон аз кишвараш интизори онро дорад, ки дар масоили ҷаҳонӣ мавқеи ошкор рӯи даст бигирад. Доналд Трамп дар паёме барои дӯстон ва бадхоҳонаш соли хуш таманно кардааст.

Раҳбари Кореяи Шимолӣ дар паёме, ки телевизиони давлатии он кишвар нашр шудааст, ба Амрико ва муттаҳидонаш ҳушдор дода ва гуфтааст, ки дар рӯи мизи кораш як тугма барои шиллики силоҳи ҳастаӣ вуҷуд дорад.

Ӯ гуфтааст, ҳоло, ки Кореяи Шимолӣ қобилияти онро дорад, ки бо мушакҳои ҳастаӣ ҳар нуқати Амрикоро ҳадаф қарор диҳад, Вашингтон ҷангеро бо кишвараш оғоз нахоҳад кард. Вай гуфтааст, ҳаргиз дастури истифода аз силоҳи атомиро нахоҳад дод, магар он ки амнияти кишвараш таҳдид шавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG