Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати молияи Узбакистон 562 кормандашро барканор кард


Вазорати молияи Узбакистон рӯзи чаҳоршанбеи 27-уми декабр 562 кормандро аз вазифаҳояшон барканор кардааст. Ин вазорат пас аз интиқоди сахти раиси ҷумҳури Узбакистон аз вазорати молияи он кишвар даст ба ин иқдом задааст. Хабаргузории расмии Узбакистон UzA гуфтааст, президент кормандони барканоршударо "мушҳои саҳроӣ" хитоб кардааст. Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон панҷ рӯз қабл гуфта буд, ки кормандони баландрутбаро аз кор гирифта метавонад, аммо ба гуфтаи вай, "мушҳои саҳроӣ" дар сатҳи поин ҳанӯз сари коранд. Раиси ҷумҳури Узбакистон дастур додааст, ки агар вазири нави молия Ҷамшед Кучкаров натавонад дар зарфи як моҳ вазъиятро беҳбуд бахшад, ӯро ҳам барканор хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG