Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин инфиҷори Санкт-Петербургро амали террористӣ номид


Маҳалли таркиш дар Санкт-Петербург. 27 декабри соли 2017
Маҳалли таркиш дар Санкт-Петербург. 27 декабри соли 2017

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 28 декабр инфиҷор дар фурӯшгоҳи хӯроквории Санкт-Петербургро, ки дастикам 10 нафарро захмӣ кард амали террористӣ номид. Ӯ аз хадамоти амният даъват кард, ки "касеро асир нагиранд" ва сурати таҳдиди ногузир террористҳоро дар ҷои ҳодиса нест кунанд.

Рӯзи 27 декабар як бомбаи худсохт, ки нерӯи кофӣ надошт, дар захирагоҳи фурӯшгоҳи Санкт-Петербург мунфаҷир шуд. Дар натиҷа дастикам 10 нафар захм бардошт.

Қаблан муфаттишон ин ҳодисаро на амали террористӣ, балки "суиқасд ба ҷони ду ва ё шахсони бештар бо шеваи хатарнок барои ҷомеа" номиданд. Хадамоти махсуси Русия ҳамзамон гуфт, ки фазияҳои дигар низ мавриди омӯзиш қарор доранд. Маълумот дар барои гумонбароне, ки дар ин ҳодиса даст доранд, пахш нашудааст.

Ҳоло ҳашт нафар дар бемористон буда, вазъи панҷ нафари онҳо аз вахим то муътадил арзёбӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG