Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар маросими "Рӯзи кормандони амнияти миллӣ"


Акс аз бойгонӣ.

Имрӯз, 28-уми декабр дар Тоҷикистон "Рӯзи кормандони амнияти миллӣ" таҷлил мешавад. Ба ин муносибат Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба манзури табрики ҳайати раҳбарият ва кормандони КДАМ ба ин кумита рафтааст. Қарор аст Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳайати раҳбарият ва кормандони КДАМ суханронӣ кунад.

Интизор меравад, ки раиси ҷумҳур дар ин суханронӣ роҷеъ ба сиёсати Тоҷикистон дар заминаи таъмини амнияти миллии кишвар, ҷилавгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризм ва ифротгароӣ ва дурнамои чолишҳои амниятӣ дар минтақа, сӯҳбат кунад.

Ширкати раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар таҷлили рӯзи кормандони амнияти миллии кишвар дар ҳолест, ки охири моҳи сентябр дар ин сохтори қудратӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифта буд. Бар асоси қарорҳои ҳукумат Акрам Амонов ба далели бознишаста шудан, Суҳроб Паноев ва Фарҳод Воҳидов ба далели гузаштан ба дигар кор, аз симати муовинони раиси КДАМ озод карда шуданд.

Бар асоси дигар қарорҳои ҳукумат, Зубайдулло Алихонов, Нусратулло Мирзоев ва Алишер Мирзонаботов муовинони раиси КДАМ таъйин шудаанд. Саймуъмин Ятимов аз моҳи сентябри соли 2010 дар мақоми раиси КДАМ кор мекунад.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон яке аз ниҳодҳои калидии қудратӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Яке аз бахшҳои муҳими фаъолияти КДАМ ин мубориза бо терроризм мебошад. Мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар чанд соли ахир аз чандин амалҳои террористӣ ҷилавгирӣ кардаанд.

Ҳифзи марзҳои Тоҷикистон низ ба ӯҳдаи Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон вогузор шудааст ва мубориза бо интиқоли маводи мухаддир аз он сӯи дарёи Ому, аз чолишҳои дигарест, ки нерӯҳои амнияти миллӣ дар баробари он қарор доранд.

Видеоҳои охирин

"Одобномаи намозгузорӣ дар масҷид" омода шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:03:30 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG