Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи марде, ки ҳамсарашро бо 19 зарби корд кушт, ба додгоҳ рафт


Маҷид Бердиев дар рӯзи рӯшан

Додситонии шаҳри Истаравшан таҳқиқи қатли Нигора Қулиеваро ба анҷом расондааст, ки ба гуфтаи мақомот, аз ҷониби собиқ шавҳараш бо 19 зарби корд кушта шуд. Як мақом дар Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 27-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқи қазия аз сӯи додситонӣ ба анҷом расида, парванда ба ин додгоҳ ирсол шудааст. Ба қавли манбаъ, дар назар аст, ки рӯзҳои наздик мурофиаи додгоҳӣ аз рӯи ин қазия шурӯъ шавад.

Дар курсии айбдорӣ Маҷид Бердиев мешинад, ки ба иттилои мақомот, собиқ ҳамсарашро бо 19 зарби корд ба ҳалокат расондааст. Ҳодисаи қатли Нигора Қулиева моҳи октябри соли равон дар пеши чашми даҳҳо нафар дар назди бозори марказии шаҳри Истаравшан рух дод.

Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон қаблан гуфта буд, Маҷид Бердиев "ба ҷойи кори собиқ ҳамсараш, зани 40-сола, соҳибкор, ба кӯчаи Умарови шаҳри мазкур омада, аз сабаби ҳиссиёти рашк, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудан, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, 19-маротиба ба аъзои бадани ӯ задааст.”

Ба гуфтаи манбаъ, зан дар ҷойи ҳодиса ҷони худро аз даст дода, шавҳараш боздошт ва алайҳи бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар сурати исботи гуноҳ, Маҷид Бердиев аз 15 сол то ҳабси якумрӣ ба зиндон маҳкум мешавад. Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, Маҷид Бердиев қаблан низ бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шуда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG