Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду афсари пулис дар Турсунзода барои гирифтани пора


Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти ду афсари пулис дар ғарби Тоҷикистон хабар дод. Ин ду афсари пулис ба "қаллобӣ" муттаҳам мешаванд. Аз дафтари матбуоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 27-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ду афсари шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Турсанзода -- майор Қамариддин Орифзода, сардори шӯъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шаҳри Турсунзода ва капитани милиса Акбар Ҷонбобоев дар ивази пора, як сокини ҳамин минтақаро аз СИЗО ё Боздоштгоҳи муваққатӣ, озод кардаанд. Ин ду афсари пулис рӯзи 14-уми ноябр боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, ин ду афсари пулис ҳини гирифтани 4 ҳазор сомонӣ пора аз наздикони ин сокини Турсунзода боздошт шуданд. Ҳаҷми умумии маблағи талабнамудани ин ду афсари милисаи шаҳри Турсунзод 8 ҳазор сомонӣ будааст. Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир дар нисбати ин ду афсари пулис бар пояи моддаи 319-и Кодексияи ҷинояти Тоҷикистон парванда боз шудааст. Парванда аз сӯи додситонии шаҳри Турсунзода мавриди бозрасӣ қарор дорад.

Ин моддаи Кодекси ҷиноӣ муҷозот бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол бо мусодираи молу мулк бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати панҷ солро пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG