Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуот: Фирӯз Қалавуров аз болои ҳукми боздошт шикоят кард


Фирӯз Қалавуров, шаҳрванди Тоҷикистон, ки барои омодагӣ ба анҷоми амали террористӣ дар калисои Қазони Санкт-Петербург муттаҳам мешавад, аз болои ҳукми боздошт шикоят кардааст. Дар ин бора рӯзи 26-уми декабр ба расонаҳо маркази матбуотии додгоҳи Санкт-Петербург хабар додааст.

Рӯзи 17-уми декабр додгоҳ ҳукм карда буд, ки Фирӯз Қалавуров ҳамроҳ бо Шомил Омаргаҷиев аз Доғистон ва Алисхан Эсмурзиев аз Ингушистон то 14-уми январ дар боздошт мемонанд. Мақомоти Русия мегӯянд, ин се нафар бо раҳбарии Евгений Ефимов мехостанд рӯзи 16-уми декабр ба калисои Қазони Санкт-Петербург ҳамла анҷом диҳанд.

Пас аз боздошт, Кремл эълон кард, ки бо кумаки созмони истихборотии Амрико ё CIA аз ин ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Санкт-Петербург пешгирӣ шудааст. Дар иттилоияи ҳукумати Русия, ки рӯзи 17 декабр пахш шуд, гуфта мешавад, гумонбарон қасд доштанд дар калисои Қазони Санкт-Петербург ва чанд ҷои дигари серодами ин шаҳр ҳамла анҷом диҳанд.

То ҳанӯз ҳеҷ мақоми интизомӣ дар Тоҷикистон дар бораи ҳуввияти Фирӯз Қалавуров изҳори назар накарда вуҷуди чунин шаҳрванд, сокини кадом минтақаи кишвар будан ва ҷузъиёти дигари марбут ба шахсияти ӯро шарҳ намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG