Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбакистон бори нахуст дар бораи тақаллубҳои интихоботӣ хабар доданд


Бори аввал расонаҳои Узбакистон дар бораи тақаллубкориҳои интихоботӣ иттилоъ доданд. Ин тақаллубкорӣ дар ҷараёни интихоботи маҳаллие сурат гирифт, ки рӯзи якшанбеи 24 декабр дар ноҳияи Совет баргузор шуд. Гузориши "Тақаллубкорӣ дар интихобот!" дар сомонаи Kun.uz рӯзи якшанбе нашр шуд.

Рӯзи дигар гузоришро аз сомона пок карданд, аммо нусхаи он дар ҷусторҳои интернетӣ боқӣ монд.

Сомона бо такя ба навори видеоие навишт, ки ҳадди ақал дар ду қитъаи раъйдиҳӣ дар шаҳри Тошканд тақаллубкорӣ сурат гирифтааст. Навор дар интернет дастрас аст.

"Дар навор дида мешавад, ки сокинон дар қуттӣ якбора чанд баргаи раъй мепартоянд. Онҳо бо чанд шиноснома вориди қитъаи раъйдиҳӣ шуданд. Ба ҷуз ин, роҳбарони маҳаллӣ ишора карданд, ки сокинон ба номзадии Ҷамолов Ғафур овоз диҳанд", - навишта буд сомона.

Хабаргузориҳои давлатии Узбакистон иттилоъ доданд, ки интихобот бар асоси "стандартҳои демократӣ" сурат гирифта, ҳеч тақаллубкорӣ мушоҳида нашудааст.

Интихоботи маҳаллӣ дар Тошканд дар 14 соли охир бори аввал баргузор шуд. Ба гуфтаи мақомоти Узбакистон, дар ин интихобот бори аввал шеваи баршумории электронии раъйдиҳандагон ба роҳ монда шуд, ки шумори овоздиҳандагонро ҳисоб мекунад.

XS
SM
MD
LG