Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андоз аз истифодабарандагони роҳ бекор намешавад


Андоз аз истифодабарандагони роҳ, ки аз 1-уми январи соли 2018 бояд бекор мешуд, то соли 2020 мавқуф гузошта шуд.

Рӯзи 25-уми декабр парлумони Тоҷикистон бо дархости ҳукумат моддаи 252-уми Кодекси андозро тағйир дод. Бар асоси ин моддаи Кодекс бояд аз 1-уми декабри соли 2018 андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард бекор карда мешуд, вале бо тағйири нав онро то 31-уми декабри соли 2020 мавқуф гузоштанд.

Ин мода, ки соли 2012 дар Кодекси андоз ворид шуда буд, бори чандум аст, ки тағйир меёбад. Мақомоти Тоҷикистон соли 2012 дар пайи қабули Кодекси нави андоз эълон карданд, ки аз 1-уми январи соли 2017 пурра бекор карда мешавад. Соли гузашта онро ба соли 2018 мавқуф гузоштанд, вале ҳоло иҷрои онро барои се соли дигар ба қафо бурданд.

Дар ҳоле барҳам додани ин навъи андоз ба таъхир андохта шуд, ки даромадҳои буҷет аз дигар сарчашмаҳо кам шуд. Бахусус, дар нӯҳ моҳи соли равон даромади буҷа аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ 212 миллион сомонӣ ва андози иҷтимоӣ 166 миллион сомонӣ камтар аз нақша ворид шуд.

Ин навъи андозро ширкатҳои мусофиркашонӣ ва соҳибони нақлиёт месупоранд.

XS
SM
MD
LG