Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коммунистҳои Русия мудири як совхозро рақиби Путин карданд


Павел Грудинин, мудири совхози ба номи Ленин
Павел Грудинин, мудири совхози ба номи Ленин

Ҳизби коммунисти Русия ғайримунтазира мудири совхози ба номи Ленинро номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури ин кишвар пешниҳод кард. Павел Грудинини 57-сола дар интихоботи моҳи марти 2018 яке аз рақибони Владимир Путин хоҳад буд.

Масъулони Ҳизби коммунисти Русия дар вебсайти расмии худ навиштанд, ки ин тасмим рӯзи 23-юми декабр дар ҷараёни анҷумани солонаи ҳизб гирифта шуд.

Геннадий Зюганов, раиси Ҳизби коммунисти Русия, ин дафъа аз пешбарии номзадиаш ба мақоми президент худдорӣ кардааст. Вай ҳоло раҳбарии ситоди интихоботии Грудининро бар уҳда дорад.

Павел Грудинин рӯзи шанбе гуфт, бо он таҷрубае, ки Зюганов дар интихоботҳои гузашта дорад, муваффақона пеш хоҳанд рафт. “Ман раҳбари ботаҷрубаи ситоди интихоботӣ дорам. Барои ман кор кардан хеле осон хоҳад буд. Зеро ин нафар хуб медонад, ки чӣ кор бояд анҷом диҳад. Бинобар ин, ман ба ситоди интихоботӣ итоат хоҳам кард ё бо машварати ӯ пеш хоҳам рафт. Ман фикр мекунам, ки мо муваффақ мешавем”, - афзуд Грудинин.

Павел Грудинин узви Ҳизби коммунисти Русия нест, аммо борҳо худро тарафдори ақидаҳои ин ҳизб эълон кардааст. Вай то соли 2010 дар ҳайатии Ҳизби “Русияи воҳид” буд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳизби “Русияи воҳид” рӯзи 23-юми декабр пуштибонии комили худро аз Владимир Путин эълон кард. Интизор меравад, Путин дар интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи марти соли 2018 ба осонӣ пирӯз шавад.

XS
SM
MD
LG