Пайвандҳои дастрасӣ

Ғафур-бойбача дар “рӯйхати сиёҳ”-и Амрико


Ғафур Раҳимов

Ғафур Раҳимов, маъруф бо лақаби Ғафур-бойбача, ки яке аз раҳбарони олами ҷиноии Узбакистон гуфта мешавад, охири ҳафтаи ҷорӣ ба “рӯйхати сиёҳ”-и Вазорати молияи Амрико ворид шуд. Инчунин, дар ин феҳрист номи Олимҷон Тухтаохунов, маъруф ба “Тайванчик”-ро дидан мумкин аст.

Вазорати молияи Амрико дар гузориши худ гуфт, ки “онҳо барои шустушӯи пул, ғасб, ришват ва тиҷорати маводи мухаддир даст доранд.”

Се соли қабл нашрияи “Новая газета”, чопи Маскав, бо такя ба маълумоти хадамоти махфии Русия навишт, нуфузи Ғафур Раҳимов дар солҳои 1990 ба сатҳе расида буд, ки то 15 дарсади саноати пахтаи Узбакистонро зери назорат дошт.

Вазорати молияи Амрико рӯзи 21-уми декабри имсол дар доираи қонуни Магнитский алайҳи 13 нафар ва 39 созмон таҳрим ҷорӣ кард. Дар миёни онҳое, ки шомили “рӯйхати сиёҳ” шуданд, исми Гулнора Каримова, духтари раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, низ ҳаст.

Дар асноди Вазорати молияи Амрико гуфта мешавад, ки ӯ дар даврони ҳукуматдории падараш ба фасодкории густарда даст задааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG