Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА аз таҳримҳои нави зидди Куриёи Шимолӣ истиқбол кард


Доналд Трамп

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз таҳримҳои нави Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Куриёи Шимолӣ истиқбол кард.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 23-юми декабр дар Твиттераш навишт, “ин иқдом талоши ҷомеаи ҷаҳонӣ барои сулҳ бо Куриёи Шимолист”.

Шӯрои амнияти СММ рӯзи ҷумъа таҳримҳои тоза алайҳи Куриёи Шимолиро тасвиб намуд. Ин таҳримҳо посух ба озмоиши мушакҳои дурпарвози Пхенян дар моҳи гузашта аст. Мақомоти Куриёи Шимолӣ гуфтаанд, ин мушакҳо тавоноӣ доранд, ҳар нуқта дар Амрикоро ҳадаф гиранд.

Таҳримҳои нави Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид маҳдуд кардани воридоти нафти Куриёи Шимолӣ ва баргашти ҳамаи коргарони ин кишвар аз хориҷа дар ду соли оянда ба ватанашонро дар бар мегирад.

Видеоҳои охирин

Акси садо ба паём аз Ироқ. Хешовандони Марям дар Тоҷикистон пайдо шуданд
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:02:32 0:00

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG