Пайвандҳои дастрасӣ

Фатҳулло Фатҳуллоев – бозигари беҳтарини соли 2017 дар Тоҷикистон


Фатҳулло Фатҳуллоев

Федератсияи футболи Тоҷикистон аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2017 беҳтаринҳоро эълон кард ва рӯзи 23-юми декабр дар маҷмааи “Кохи Наврӯз”-и Душанбе ба ғолибон ҷоизаҳои инфиродиро тақдим намуд.

Барои дарёфти ин унвон ду нафари дигар – дарвозабони дастаи “Истиқлол” Никола Стошич ва ҳимоятгари ССКА «Помир»-и Душанбе Фирдавс Чақалов довталаб буданд.

Пеш аз супурдани ҷоизаҳои ФФТ, ба ширкаткунандагони маросим навори видеоӣ дар бораи натоиҷи мавсими имсола пешкаш гардид. Дар ин навор дар бораи фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2017 гузориш дода шуд.

Зикр гардид, ки имсол дастаҳои мунтахаби наврасони зери 16-сола ва ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон ба ҳаққи иштирок дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 даст ёфтанд. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) - 2017 ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт. Инчунин, дастаи мунтахаби футзали кишвар ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 роҳхат гирифт.

Маросими тақдими ҷоизаҳо
Маросими тақдими ҷоизаҳо

Баъдан аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2017 ғолибони 21 номинатсия эълон шуда, бо ҷоизаҳои ФФТ сарфароз гаштанд. Аз он ҷумла, ҷоизаи “Бозигари беҳтарини сол” ба Фатҳулло Фатҳуллоев, нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва мунтахаби миллии Тоҷикистон, супурда шуд.

Барои дарёфти ин унвон ду нафари дигар – дарвозабони дастаи “Истиқлол” Никола Стошич ва ҳимоятгари ССКА «Помир»-и Душанбе Фирдавс Чақалов довталаб буданд.

Ҷоизаи “Мураббии беҳтарини сол” ба Рустам Хоҷаев, сармураббии дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, эҳдо шуд. “Хуҷанд” имсол таҳти раҳбарии ӯ ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии кишвар ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардидааст.

Рустам Хоҷаев
Рустам Хоҷаев

Бояд гуфт, барои ин ҷоиза, инчунин Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи қаҳрамонии Тоҷикистон - «Истиқлол»-и Душанбе ва Тоҳир Муъминов, ҷоизадори биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии кишвар, муддаӣ буданд.

Барандагони ҷоизаҳои ФФТ дар соли 2017:

Бозёфти сол

Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»)

Футболбоззани беҳтарин

Некӯбахт Худододова («Динамо»)

Мураббии беҳтарини футболи занона

Зебо Гасимова («Динамо»)

Бозигари беҳтарини сол оид ба футзал

Файзалӣ Сардоров («Сипар»)

Мураббии беҳтарини сол оид ба футзал

Мустафо Афшорӣ («ДИСИ Инвест»)

Довари беҳтарини сол

Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе)

Мураббии беҳтарини сол дар мусобиқоти ҷавонон

Юсуф Рабиев («Истиқлол»)

Мураббии беҳтарини сол дар лигаи якум

Ниёзалӣ Бобохонов («Эсхата»)

Дарвозабони беҳтарини сол

Никола Стошич («Истиқлол»)

Ҳимоятгари беҳтарини сол

Манучеҳр Аҳмадов («Хуҷанд»)

Нимҳимоятгари беҳтарини сол

Дэвид Мавутор («Истиқлол»)

Ҳамлагари беҳтарини сол

Дилшод Восиев («Истиқлол»)

Мураббии беҳтарини сол

Рустам Хоҷаев («Хуҷанд»)

Бозигари беҳтарини сол

Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»)

Ҷоизаҳое, ки инчунин дар ин маросим супурда шуданд:

Мураббии беҳтарини кӯдакона - Сафаралӣ Раҳмонов (МҶМОВ);

Бозигари беҳтарини лигаи наврасон (U-15) - Партулло Хуршедзода («Орзу-2026»);

Мураббии беҳтарини лигаи наврасон (U-15) - Рустам Қурбонов («Орзу-2026);

Бозигари беҳтарини лигаи наврасон (U-17) - Муҳаммад Айнӣ («Истиқлол»);

Мураббии беҳтарини лигаи наврасон (U-17) - Алишер Тағоев («Истиқлол»);

Бозигари беҳтарини мусобиқоти дублёрҳо - Ҳомид Гуломӣ («Истиқлол»);

Бозигари беҳтарини лигаи якум - Атҳамҷон Абдуллоев («Кӯктош»).

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG