Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла дар Қандаҳор шаш корманди пулисро кушта ба ҷой гузошт


Ҳамлаи интиҳорӣ дар Қандаҳор

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки ҳамлаи интиҳорӣ бо истифода аз мошини ҳомили бомба дар ҷануби Афғонистон, шаш афсари пулисро қурбон кард.

Дастикам чаҳор нафари дигар дар ин ҳамла, ки субҳи 22 декабр ба вуқӯъ пайваст захмӣ шуданд.

Ба гуфтаи мақомот, ҳамлагари интиҳорӣ дастгоҳи инфиҷорро дар даромадгоҳи идораи пулис ноҳияи Майванд ба кор андохт.

Нозирон мегӯянд, ки дар ин авохир ҳамла ба постгоҳ ва пойгоҳҳои амниятӣ дар Афғонистон рӯ ба афзоиш овардааст.

Ҳуҷуми ахир дар ҳоле сурат гирифт, ки чанд соат пеш аз он ноиби раиси ҷумҳури Амрико Майкл Пенс бо зикри "пешрафти воқеӣ" дар Афғонистон, аз барномаи сафараш ба ин кишвар хабар дод.

Президенти ИМА Доналд Трамп стратегияи нави Афғонистонро моҳи август эълон кард.

Пенс гуфт, ки дар чаҳорчӯби стратегияи нав Амрико нерӯ ва захоири бештарро ба Афғонистон ворид мекунад.

Видеоҳои охирин

Сӯхтор дар корхонаи Владикавказ боиси фавти як нафар шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:47 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG