Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷудоиталабон дар порлумони Каталония аксарият шуданд


Карлес Пучдемон
Карлес Пучдемон

Раҳбари пешини Каталония Карлес Пучдемон натиҷаи интихоботи рӯзи гузашта дар ин минтақаи сарватмандро "пирӯзии Ҷумҳурии Каталония бар салтанат" унвон кард ва гуфт, "каталониҳо ин ҳақро ба даст оварданд, ки ҳарфи онҳо шунида шавад".

Рӯзи 21 декабр дар интхоботи ғайринавбатии порлумони Каталония тарафдорони берун шудани минтақа аз Испания пирӯз шуданд. Ширкати райъдиҳандаҳо дар интихобот рақами рекордии 82 дар садро нишон дод. Баъди санҷиши 99 дар сади баргаҳои овоздиҳӣ маълум шуд, ки се ҳизби тарафдори истиқлолияти Каталония дар порлумони 135 нафарӣ 70 ҷойро ба даст оварданд. Ин зарбаи шадид ба нахуствазири Испания Мариана Раҳой ва раҳбарони Иттиҳоди Аврупо буд, ки аз Раҳой пуштибонӣ мекунанд.

Нахуствазири Испания баъди барканор кардани ҳукумати қаблӣ интихоботи пеш аз муҳлат эълон кард ва умедвор буд, ки бахши умдаи "каталониҳои хомӯш" бо иштирок дар райдиҳӣ сепаратизмро рад мекунанд.

Пирӯзии ғайриинтизори тарафдорони истиқлолияти Каталония роҳро барои бозгашти Карлес Пучдемон- раҳбари барканоршудаи Каталония боз мекунад, ки баъди эълони истиқлолияти минтақа аз Испания ва вокуниши шадиди Мадрид ба ин амал, ба Брюссел паноҳ бурд. Додситонҳои давлатӣ Пучдемонро ба фитнагарӣ муттаҳам карданд ва ӯ дар сурати баргаштанаш ба Каталония боздошт хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG