Маоши кормандони соҳаи будҷавӣ дар Тоҷикистон дар соли оянда зиёд карда мешавад. Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 22-юми декабр дар паёмаш ба порлумон хабар дод. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, аз 1-уми сентябри соли 2018 маоши кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва дигар ташкилоту идораҳои буҷетӣ ба андозаи 15 фоиз зиёд карда мешавад. Раисҷумҳур ҳамчунин гуфт, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматёчи мақомоти қудратӣ 10 дарсад афзоиш меёбад.