Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салиби Сурх: "Шумори гирифторони вабо дар Яман 1 миллион шуд"


Сокинони Яман дар макони ҳамлаи ҳавоии эътилофи таҳти назари Саудӣ.
Сокинони Яман дар макони ҳамлаи ҳавоии эътилофи таҳти назари Саудӣ.

Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх мегӯяд, ки теъдоди гумонбарони гирифтори вабо дар Яман ба 1 миллион расид. Ин созмон рӯзи 21 декабр гуфт, ки хуруҷи вабо азияти мардуми гирифтор ба ҷанги ваҳшатнокро дучанд кардааст.

Ба гуфтаи Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх беш аз 80 дар сади аҳолии Яман ба ғизо, маводи сухт, оби тоза ва кӯмаки тиббӣ дастрасӣ надорад.

Теъдоди онҳое, ки аз моҳи апрел бар бар асари вабо вафот кардаанд, беш аз 2,220 нафар ҳисоб шудааст.

Вабо бемории уфуниест, ки бо истифодаи обу ғизои олуда бо бактерия ба ҷисми инсон асар мекунад.

Яман ба як ҷанги пурқурбонии байни ҳукумати президент Абд-Раббу Масур Ҳодӣ, ки эътилофи таҳти назари Арабистони Саудӣ аз он пуштибонӣ мекунад ва шӯришгарони Ҳусӣ, ки дар паси онҳо Эрон қарор дорад, ворид шудааст.

Биноба маълумоти Созмони Милали Муттаҳид дар тӯли се соли ҷанг беш аз 8,670 нафар, аксаран аҳолии мулкӣ, ҷон бохт.

XS
SM
MD
LG