Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комиссари ҳуқуқи башари СММ аз даври дуюми раҳбари даст мекашад


Зайд Раад ал Ҳусейн
Зайд Раад ал Ҳусейн

Зайд Раад ал Ҳусен - Камиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи инсон гуфт, ки тобистони соли оянда аз мақом канор меравад, зеро намехоҳад "дар заминаи геополитикаи феълӣ" кор кунад. Дар ин бора хабаргузориҳои ғарбӣ гузориш доданд.

"Ман ба қароре расидам, ки аз талоши раёсати боз як чаҳорсолаи дигар дар ин мақом даст бикашам", навиштааст Зайд Раад Ҳусейн дар як пайғом кормандонаш, ки хабаргузории Франс Пресс ва маҷаллаи Foreign Policy рӯзи 20 декабр бо он ошно шуданд.

"Дар шароити геополитикии феълӣ" ба зону задану зора кардан, даст кашидан пуштибонӣ, коҳиши мустақилият ва садоқати садои ман - ки садои шумост тақозо мешавад",- гуфтааст Зайд.

Зайд Раад ал Ҳусейн - аввалин мусалмон ва араб дар мақоми аршади Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи инсон ва аз мунаққидони президенти ИМА Доналд Трамп аст. Моҳи август ӯ аз ҳамлаҳои "хатарнок"-и Трамп ба расонаҳои хабарӣ нтиқод кард ва гуфт, ки ин ҳамлаҳо озодии матбуотро поймол мекунанд ва хушунатро алайҳи журналистон таҳрик медиҳанд. Ӯ ҳамчунин аз изҳороти Трамп дар робита ба занон, Мексикоиҳо, Мусалмонон ва гурӯҳҳои дигар интиқод кардааст.

Дафтари Ҳусейн 25 сентябр Русия ва агентҳои онро ба "нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон" дар Қрим, аз ҷумла боздоштҳои ғайриқонунӣ, нопадидшавиҳои иҷборӣ, бадрафторӣ, шиканҷа ва дастикам як эъдоми хориҷ аз додгоҳ муттаҳам кард.

XS
SM
MD
LG