Пайвандҳои дастрасӣ

Кремлин таҳрими Амрико алайҳи Қодировро "ғайриқонунӣ" номид


Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров

Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия гуфт, ки Кремл таҳрими Амрико алайҳи Рамазон Қодиров- раҳбари маскавгарои Чеченистонро "ғайриқонунӣ" ва "ғайридӯстона" мешуморад.

Песков рӯзи 21 декабр гуфт, ки Русия эҳтимол ин қарори Амрикоро беҷавоб намегузорад.

Вазорати молияи ИМА рӯзи 20 декабр номи президенти Чеченистон Рамазон Қодировро ба "рӯйхати Магнитский" ворид кард. Ба гуфтаи вазорат, Қодиров дар муҷозоти ғайриқонунӣ, шиканҷа ва поймолкунии ҳуқуқи инсон айбдор мешавад.

Дар баробари Қодиров, сардори пулиси шаҳри Аргуни Чеченистон Аюб Катаев ҳам ба ин рӯйхат шомил шудааст. Ӯ ба таъқиб ва шиканҷаи ҳамҷинсгароён дар Чеченистонмуттаҳам мешавад. Вазорати молияи Амрико шаҳрвандони Русия - Андрей Павлов, Алексей Шешеня ва Юлия Майороваро ба рӯйхат ворид кардааст.

"Эъломияи Магнитский"-ро Конгресси ИМА соли 2012 қабул кард ва, Бритониё низ аз он пуштибонӣ намуд. Литва ва Канада ҳам моҳи ноябри соли равон ба ин қонун ҳамроҳ шуданд.

Санад ба номи ҳуқуқшиноси бунёди Hermitage Capital Сергей Магнитский гузошта шудааст. Ӯ як нақшаи бузурги дуздии пули буҷаи Русияро ошкор карда буд. Мақомоти рус Магнитскийро ба саркашӣ аз пардохти андоз айбдор карданд ва вай соли 2009 дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Москва ба далели нарасонидани ёрии тиббӣ ҷон дод.

Ба "рӯйхати Магнитский" номи шахсоне ворид карда мешавад, ки ба гуфтаи мақомоти ИМА, дар фасодкорӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон даст доранд ва онҳо аз вурӯд ба қаламрави ин кишвар маҳрум мешаванд.

Видеоҳои охирин

Роҳгузарон: ТВ-и Тоҷикистон таъриф мекунад, аз мушкилот намегӯяд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:51 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG