Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳияи филми 6-ум дар бораи Назарбоев -"Роҳи пешво" оғоз шуд


Нурсултон Назарбоев - президенти Қазоқистон
Нурсултон Назарбоев - президенти Қазоқистон

Дар шаҳри Алмато 20 декабр давраи нахустини наворгирии идомаи филми "Роҳи пешво" ба поён расид. Ин силсилафилми бадеӣ дар бораи президенти феълии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аст, ки аз соли 1990 ин кишварро раҳбарӣ мекунад.

Бахши навбатии филмро киностудияи "Қазоқфилм" якҷо бо киностудияи "Сатайфилм" ба навор мегиранд. Ба иттилои "Қазоқфилм", дар ин қисмат дар бораи роҳи рушди пойтахти ҷавони Қазоқистон -- Остона гуфта хоҳад шуд, ки чи гуна он дар муддати кутоҳ тавонист ба рӯйхати пойтахтҳои сатҳи байналмилалӣ ворид шавад.

Қисми шашуми филмро коргардони маъруфи қазоқ Акан Сатаев ба навор мегирад. Филмномаро Тимур Жаксиликов ва Одилбек Ҷақсибеков навиштаанд. Дувумӣ дар ҳоли ҳозир, як мансабдори баландпоя -- раиси дастгоҳи президент аст.

Яке аз ҳунармандоне, ки дар филм нақш офаридааст, пештар дар Фейсбук навишт, "пеш аз оғози наворбардорӣ телефон ва дастгоҳҳои аксбардории ҳамаро гирифтанд".

Дар қисми навбатӣ дар нақши Нурсултон Назарбоев ҳунарманди театр ва синамо Мурод Ахманов иҷро мекунад. Ҳунармандонро рассоми машҳури бритониёӣ, барандаи ҷоизаҳои "Оскар" ва BAFTA Марк Кулер ороиш хоҳад кард.

Моҳи январи соли оянда наворбардории филм идома ёфта, баъди каме танаффус тобистон аз сар гирифта мешавад. Қарор аст, ин филм моҳи декабри соли 2018 ба намоиш дарояд. Хабаргузории расмии Қазоқистон пештар хабар дод, ки ҳукумат барои таҳияи қисми шашуми филми "Роҳи пешво" аз буҷаи давлат беш аз 6,8 миллион доллар ҷудо кардааст.

XS
SM
MD
LG