Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба тарҳи Миср дар бораи Байтулмуқаддас вето гузошт


Байтулмуқаддас
Байтулмуқаддас

Ийолоти Муттаҳидаи Амрико ба тарҳи Миср, оиди радди эътирофи Байтулмуқаддас ҳамчун пойтахти Исроил, вето гузошт. 14 кишвари дигари узви Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид аз тарҳи Миср пуштибонӣ карданд.

Дар ин санад аз изҳороти президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи эътирофи Байтулмуқаддас ҳамчун пойтахти Исроил ва кӯчонидани сафорати Амрико аз Телавив ба Байтулмуқаддас "изҳори таассуфи амиқ" шудааст. Трамп қарори худро дар робита ба Байтулмуқаддас рӯзи 6 декабр пахш кард.

"Ҳамагуна амалкард, ки ба хотири дигар кардани мақом, хусусият ва демографияи шаҳри муқаддаси Батулмуақаддас анҷом мешавад, ҳукми қонунӣ надорад, ғайриқонунӣ аст ва бояд бо Қатъномаи СММ бекор карда шавад",- омадааст дар дар ин санад, ки рӯзи 18 декабр пахш шуд. Тарҳи қатънома ҳамчунин аз тамоми кишварҳои дунё даъват кардааст, ки аз ифтитоҳи сафоратҳои худ дар Байтулмуқаддас худдорӣ кунанд.

Трамп қарори худро "эътирофи воқеъият", аз ҷумла эътирофи далеле номид, ки Байтулмуқаддас на танҳо шаҳри таърихии яҳудиҳо, балки пойтахти Исроил аст.

Фаластиниҳо талаб доранд, ки қисмати шарқии Байтулмуқаддас пойтахти давлати ояндаҳои онҳо шавад. Ҳафтаи гузашта раҳбари фаластиниҳо Маҳмуд Аббос гуфт, ки фаластиниҳо дигар нақши Амрикоро дар раванди музокироти сулҳ қабул надоранд.

XS
SM
MD
LG