Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Андиҷон санҷиши сартосарии бакорати хонандагон пурзӯр шуд


Духтури гинеколог зани ҳомиларо бо истифодаи ултро-садо ташхис мекунад
Духтури гинеколог зани ҳомиларо бо истифодаи ултро-садо ташхис мекунад

Дар шаҳри Андиҷони Узбакистон баъди ошкор шудани ҳомиладории як хонандаи синфи 9-ум санҷиши бакорати донишомӯзон тақвият ёфт. Дар ин бора омӯзгорони мактаби рақами 6-и Андиҷон ва фаъолони маданӣ хабар доданд.

Ба гуфтаи яке аз омӯзгорони мактаби № 6, як хонандаи синфи 9 таълимгоҳ охирҳои моҳи ноябр чанд рӯз ба дарс наомад ва баъди санҷиш муайян шуд, ки ӯ ҳомиладор аст.

"25 ноябр вай ба дарс наомад. Модарбузургаш гуфт, ки бемор аст ва наберааш ӯро дар беморхона нигоҳубин мекунад. 27 ноябр ба хонаи онҳо рафтем ва модарбузургаш ин бор гуфт, ки наберааш таб дорад. Вале дар натиҷаи ташхиси тиббӣ маълум гашт, ки духтар ҳомиладор аст", - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Омӯзгорони мактаби №6 мегӯянд, масъулияти ин ҳодиса ба зиммаи онҳо нест, чун хонанда дар таътили тобистона ҳомиладор шудааст. Фаъолони маҷлиси "Коргарон"-и шаҳри Андиҷон мегӯянд, ин талаба ҳоло таҳти назорати табибон қарор дорад. "Ӯ дар таваллудхона табобат гирифта, ду рӯз мешавад, ба хонаашон баргаштааст. Вале ба мактаб намеравад", - афзуд яке аз онҳо.

Ба гуфтаи фаъолон, баъди ошкоршавии ин ҳодиса маъмурияти шаҳри Андиҷон санҷиши иҷбории бакорати хонандагонро ба роҳ монд. "Раҳбарони ҳар мактаб дар алоҳидагӣ хонандагони худро ҷамъ карда, барои санҷиши бакорат ба дармонгоҳи маҳаллӣ меоранд. Вале дар асл, санҷиши сартосарии бакорати хонандагон дар мо моҳҳо пеш оғоз шудааст", - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ҳоло мақомоти маҳаллӣ талош доранд, муайян кунанд, ки хонандаи синфи 9 аз кӣ ҳомиладор шудааст. Ба гуфтаи яке аз кормандони ҳифзи ҳуқуқи Андиҷон, духтар ҳар бор баёноти худро иваз карда, кори муфаттишонро мушкил мекунад. "Падари духтар вафот кардааст ва модараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия аст. Духтар ҳамроҳи модарбузург ва хоҳару бародараш зиндагӣ мекунад", - изҳор дошт яке аз фаъолони маҷлиси "Коргарон".

XS
SM
MD
LG