Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико барои воридшавии Узбакистон ба СҶТ кӯмак мекунад


ИМА ва Узбакистон ба созиш расиданд, ки Вашингтон дар раванди воридшавии Тошканд ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) мусоидат хоҳад кард. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба Вазорати тиҷорати хориҷии Узбакистон иттилоъ доданд.

Созиш дар рафти гуфтугӯи вазоратҳои ду кишвар ба миён омадааст. Дар ин гуфтугӯҳо аз ҷониби Вашингтон намояндаи ИМА дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ М. Линскотт иштирок дошт. Миёни Вазорати тиҷорати хориҷии Узбакистон ва Палатаи савдои ИМА барои иҷрои тамоми вазифаҳо тамоси доимӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.

Пештар хабаргузори Regnum бо истинод ба Вазорати тиҷорати хориҷии Узбакистон иттилоъ дод, ки 23 ноябр дар ҷараёни боздиди президент Шавкат Мирзиёев аз Кореяи Ҷанубӣ барои мусоидат дар воридшавии Тошканд ба СҶТ ёддошт ва "харитаи роҳ" имзо шудааст.

XS
SM
MD
LG