Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Лаҳистон: "Маҷрои шимолӣ-2" зарар меорад


Вазири рушд ва молияи Лаҳистон Матеуш Моаветский

Наухствазири нави Лаҳистон Матеуш Мораветский гуфт, ки тарҳи "Маҷрои шимолӣ-2"- лӯлаи газе, ки Русияро бо Олмон мепайвандад ва бидуни убури қаламрави Лаҳистон бунёд мешавад, барои амнияти Аврпуои Шарқӣ хатар дорад.

Лӯлаи гази "Маҷрои шимолӣ -2" - дуюмин лулаест, ки гази Русияро на аз тариқи Украинаву Лаҳистон, балки мустақиман аз Баҳри Балтик ба Олмон ва Аврпуои Ғарбӣ интиқол медиҳад. Мораветский рӯзи душанбе гуфт, ки лулаи тарҳрезишуда Украинаро бештар бесубот мекунад. Нахуствазир хабарҳоеро рад кард, ки гӯё Олмон омодааст дар ивази даст кашидани Лаҳистон аз ҷуброни хисорот дар ҷараёни Ҷанги дуюми ҷаҳон, аз баҳри тарҳи "Маҷрои шимолӣ -2" бигзарад.

Бо ҳадафи кам кардани вобастагӣ аз Русия, Лаҳистон аз ИМА гази моеъ ворид мекунад ва мехоҳад бо Норвегия лулаи муштарак бунёд кунад. Қаблан Дания қонунеро қабул кард, ки убури лулаи "Маҷрои шимолӣ -2" аз сарҳадҳои обии ин кишварро манъ мекунад.

Иттиҳоди Аврупо дар робита ба тарҳи "Маҷрои шимолӣ -2", барои интиқоли гази Русия ба Аврупо ба кишварҳои узви Иттиҳод, назари якранг надорад ва гумон аст, ки кишварҳои узв тавонанд осон дар бораи ин тарҳ ба мувофиқа бирасанд.

Видеоҳои охирин

Маоши паст ва нархҳои баланди Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:32 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG