Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақлиёти ройгон барои нафақахӯрони аз 75-сола боло дар Душанбе


Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дастур додааст, ки тамоми нафақахӯрони аз 75-сола болои Тоҷикистон аз нақлиётҳои ҷамъиятии пойтахт ройгон истифода баранд. Қаблан танҳо нафақахӯрони аҳамияти ҷумҳуриявидошта ҳақ доштанд, аз нақлиётҳои ҷамъиятии пойтахт ройгон истифода баранд.

Дастури Рустами Эмомалӣ дар бораи ройгон кардани хадамоти нақлиёти ҷамъиятии Душанбе барои нафақахӯрони аз 75-сола боло рӯзи душанбеи 18 декабр содир шуд. Тибқи дастури Рустами Эмомалӣ, нафақахӯрони боло аз синни 75 аз 15 декабр ҳақ доранд аз тамоми нақлиётҳои ҷамъиятии пойтахт ба истиснои таксӣ, ройгон истифода баранд.

Ба ин хотир шаҳрдори Душанбе амр додааст, ки “дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе барои нафақахӯрони синну солашон аз 75 боло бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда (чиптаи имтиёзноки солона ё корти имтиёзноки пардохти электронии роҳкиро) тариқи ройгон, ба роҳ монда шавад.”

Ҳадаф аз корро шаҳрдорӣ, “дастгирии моддӣ-маънавии нафақахӯрони синну солашон аз 75 боло” арзёбӣ кардааст. Дар ҳамин ҳол Бегназар Саидов, роҳбари корхонаи “Троллейбус”, яке аз ташкилотҳои зертобеи шаҳрдори Душанбе мегӯяд, дастури шаҳрдорӣ аллакай ба ҳама ниҳодҳое, ки ба нақлиётҳои ҷамъиятии пойтахт сарукор доранд, ирсол шудааст.

Ба қавли ҷаноби Саидов, нафақахӯрони аз 75-сола болои Тоҷикистон на танҳо дар автобусу троллейбусҳо, балки дар нақлиётҳои хурди мусофирбар бо шумули “старекс”-ҳо низ метавонанд бидуни пардохти роҳкиро ба макони зарурӣ бираванд.

Видеоҳои охирин

Боздошти даҳҳо нафар дар эътирозҳои Ереван
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:02:41 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG