Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки ҷаҳонӣ барои рушди кишоварзии Тоҷикистон $15 млн медиҳад


Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ қарор дар бораи кӯмаки иловагӣ дар ҳаҷми $15 млн-ро барои рушди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон тасдиқ кард. Лоиҳа ба густариши имкониятҳои кишоварзон ва хоҷагиҳои кишоварзӣ равона шудааст. Ян-Петер Олтерс, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон бар ин назар аст, ки "истифодаи имкониятҳо барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва ғизоӣ иқтидори корхонаҳоро зиёд мегардонад ва дар деҳот ҷои корро бештар мекунад". Хабар дода мешавад, ки аз ин пеш Эътилофи байналхалқии рушд барои соҳаи кишоварзии Тоҷикистон 22 миллион доллар ҷудо карда буд. Дар доираи лоиҳаи мазкур бештар аз 1000 кишоварз, хоҷагиҳои хурду бузурги кишоварзӣ кумак дарёфт кардаанд.

Видеоҳои охирин

Садама дар Фархор. Се нафар ҷон бохтанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:00:48 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG