Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустами Эмомалӣ амр дод, ки дар Душанбе...


Рустами Эмомалӣ
Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе амр додааст, ки бо мақсади таҷлили соли нави милодӣ, дар гӯшаҳои гуногуни пойтахти Тоҷикистон ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор шавад.

Дар қарори Рустами Эмомалӣ, ки дар вебсайти расмии ҳукумати Душанбе рӯзи 15-уми декабр нашр шуд, омадааст, ки намоишгоҳи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз 20 то 30-уми декабр дар таваққуфгоҳи назди Бозори «Меҳргон», дар майдончаи назди бозори «Ховарон» ва дигар гӯшаҳои Душанбе ташкил карда шаванд.

Ба тибқи ин қарор, раисони ноҳияҳо бояд барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

XS
SM
MD
LG