Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путину Трамп, баробар бо ситоиши ҳамдигар, Кореяро баррасӣ карданд


Президентони Русия ва ИМА Владимир Путин ва Доналд Трамп бӯҳрони атрофи барномаи ҳастаии Кореяи Шимолиро дар як сӯҳбати телефонӣ баррасӣ карданд ва Трамп аз Путин ташаккур кард, ки дар сӯҳбатҳои рӯзи гузаштааш аз мудирияти ӯ дар иқтисоди ИМА ситоиш кардааст.

Бо пахши изҳороте Кремл гуфт, ки ду раҳбари давлат вазъи бӯҳронӣ дар чандин манотиқи доғи ҷаҳонро баррасӣ карда, аз ҷумла сари нимҷазираи Корея тамаркуз карданд. Кремлин гуфт, ки ин сӯҳбати телефонӣ шоми 14 декабр бо ташаббуси Трамп баргузор шуд. Кохи Сафед гуфт, ки ин ду раҳбар роҳҳали вазъи бӯҳронии Кореяи Шимолиро баррасӣ карданд.

Вале Кохи Сафед таъкид кард, ки Трамп Путинро барои ситоишаш дар ҷараёни нишасти матбуотии чандсоатааш рӯзи панҷшанбе ташаккур кардааст. Путин дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки бозори ИМА дар аҳди Трамп рушд карда дар ҷараёни як соли раҳбарияш ба дастовардҳои ҷиддӣ даст ёфтааст.

XS
SM
MD
LG