Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Буҳрон"-и навбатии ғизо дар Туркманистон


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон ахиран комисияи таъмини амнияти ғизоӣ ташкил кард. Ин тасмими ҳукумат дар ҳоле қабул шуд, ки дар кишвар орд камчин ва маҳсулоти ғизоӣ гарон шудааст. Дар ин бора рӯзи 14 декабр вебсайти бахши Туркмании Радиои Озодӣ хабар дод.

Дар пойтахти Туркманистон камчинии тухми мурғ низ мушоҳида мешавад.

"Дар бозорҳо маҳсулоти ғизоӣ ҳамарӯза гарон мешавад, ба ҷуз ин арзиши хизматрасониҳои комуналӣ, барқу газу об ҳам боло меравад. Дар чунин шароит тухми мурғ дастрастарин маҳсулоти ғизоӣ буд", - мегӯяд як масъули Ишқобод.

Яке аз сабабҳои гарон шудани нархи маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла тухми мурғ, ин манъи воридшавии мошинҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ ба пойтахти кишвар аст. Мошинҳои дорои рақамҳои вилоятӣ, ки ба кашонидани маҳсулоти ғизоӣ машғул буданд, аз ҳаққи ворид шудан ба пойтахт маҳрум гардиданд.

Видеоҳои охирин

Сӯхтор дар корхонаи Владикавказ боиси фавти як нафар шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:47 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG