Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштор дар Восеъ – Модар кӯдакро дар "печка" андохт ва гулӯи худро бурид


Як сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон аввал духтари сесолааш ва сипас худро куштааст. Ҳодиса рӯзи 14-уми декабр дар деҳаи Тосқалъаи ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ рух дод.

Фарзияи ибтидоии тафтишот ин аст, ки Салима Давлатоваи 26-сола, сокини ноҳияи Восеъ, кӯдаки худро нахуст бо корд кушта, баъдан дар "печка" сӯзондааст.

Як манбаъ дар мақомоти интизомии минтақаи Кӯлоб рӯзи 14-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, “баъд аз ташхис маълум шуд, ки Давлатова аввал дасту гулӯи духтари сесолаашро бурида, баъдан дар печка андохтаст.” Ин манбаъ, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, пас аз фавти Арафамо Муродоваи сесола, модар дасту гулӯи худро низ бурида, дар роҳ ба сӯи бемористон ҷон додааст.

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, дар баёноти худ падари Салима Давлатова гуфтааст, ки зоҳиран баъди таваллуди фарзанди нахустинаш Арафамо гирифтори бемории рӯҳӣ шуд ва ӯро аз хонаи шавҳар ба хонаи падар оварданд. Дар инҷо ӯ назди табиби асаб муолиҷа мешуд.

“Имрӯз падараш ба бозор ва модараш ба хонаи ҳамсоя рафтаанд. Вақте бармегарданд, ҷасади духтарача дар даруни печ ва худаш дар замин афтода будааст. Ӯро ба бемористон меоранд, ки алакай ҷон додааст”, - афзуд ӯ.

Ин ҳодисаро ба Радиои Озодӣ ҳамсояҳо низ тасдиқ карданд. Ҷузъиёти аз ин бештар дастрас нест.

Видеоҳои охирин

"Хоҳиш, ҳамин дастаро ба тартиб дароред"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:06:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG