Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистону Узбакистон тиҷоратро ба $500 млн доллар мерасонанд


Нахустин сафари президенти нави Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ба Тошканд

Президенти Узбакистон ва раиси ҷуҳмури нави Қирғизистон ҳдар Тошканд нишасти хабарии муштарак баргузор карданд. Мулоқот бо хабарнигорон дар доираи сафари расмии президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков ба Тошканд сурат гирифт.

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбакистон гуфт, рамзист, ки Сооронбой Ҷеенбеков яке аз нахустин сафарҳои хориҷиашро ба Узбакистон анҷом дод.

Мирзиёев афзуд, дар аксари масъалаҳо ҷонибҳо назари ягона доранд. "Муомилоти тиҷоратӣ миёни кишварҳои мо соли ҷорӣ 250 миллион долларро ташкил дод ва ин дар таърихи равобити мо намуна надорад. Эҳтимо дорад, ин рақам то охири сол тағйир ёбад. Мо мехоҳем доду гирифти тиҷориро то ба 500 млн доллар расонем. Мо мехоҳем ҳамаи монеаҳои мавҷударо бартараф кунем. Ҳамарӯза аз марзҳои ду кишварро наздики 10-15 ҳазор одам убур мекунад. Замоне мерасада, ки ҳеч марзе боқӣ нахоҳад монд", - гуфт Мирзиёев.

"Агар мо пештар кишварҳои дӯст будем, акнун шарики стратегӣ ҳастем", - гуфт Сооронбой Ҷеенбеков дар навбати худ.

"Марз миёни давлатҳои мо дарвозаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ шудааст. Ҳоло мо дар мавриди аксари масъалаҳо ба ҳамдигарфаҳмӣ расидаем. Дар мавриди муайянсозӣ ва аломатгузории марз мо корро идома медиҳем", - гуфт Ҷээнбеков.

Видеоҳои охирин

Истиқболи ҳайати бузурги Туркманистон дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:58 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG