Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши нав бо Корея баъди боздиди ҳамсару духтари президент Раҳмон


Ҷараёни интиқоли ниҳолҳои Кооперативи кишоварзии вилояти Чхунбук. Акс аз 7-уми марти соли 2017
Ҷараёни интиқоли ниҳолҳои Кооперативи кишоварзии вилояти Чхунбук. Акс аз 7-уми марти соли 2017

Як шаҳри кишоварзӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ба Тоҷикистон 53 ҳазор ниҳоли дарахти мевадиҳандаро бо арзиши умумии 192 ҳазор доллар интиқол додааст. Қарор аст, ин ниҳолҳо баъд аз соли нав вориди Душанбе шавад.

Хабаргузории расмии "Йонҳап"-и Кореяи Ҷанубӣ дар хабаре рӯзи 14-уми декабр навишт, ҳамкориҳои Кооперативи кишоварзии вилояти Чхунбук, воқеъ дар шаҳри Окчхон, баъд аз як сафари ҳамсар ва духтари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар шурӯъ шуд.

Ниҳолҳои фиристодашуда бастаи дувумест, ки аз ҷониби кооперативи кореягӣ ба Душанбе интиқол меёбад ва дар миёни онҳо 10 намуд ниҳоли дарахти мевадиҳанда, аз ҷумла себу шафтолу ва олуву хурмои кореягӣ мебошад. Бастаи аввалини ниҳолҳо ҳафтаи гузашта тавассути бандари Инчхон, воқеъ дар ҷануби Сеул фиристода шуд ва, қарор аст, дар моҳи январ вориди Тоҷикистон шавад.

Соли 2014. Президент Раҳмон ва ҳамсараш раҳбари Чинро пазироӣ мекунанд
Соли 2014. Президент Раҳмон ва ҳамсараш раҳбари Чинро пазироӣ мекунанд

Хабаргузории расмии "Йонҳап" менависад, созиши марбут ба интиқоли ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда моҳи ноябр, дар ҷараёни боздиди ҳамсари президенти Тоҷикистон – Азизамоҳ Раҳмонова ва духтараш аз Ҷумҳурии Корея ҳосил шудааст.

Дар хабар исми духтари президент оварда намешавад, вале гуфта шудааст, ки баъд аз чашидани меваҳои истеҳсоли Корея маззаи он мавриди ситоиши бонувони баландпояи тоҷик қарор гирифт. Баъди бозгашти онҳо ба Тоҷикистон, як ширкати давлатӣ бо кооперативи кореягӣ дар тамос шуда, инчунин, аз шаҳри Окчхон ва кооперативи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дидан кардаанд.

Шаҳри Окчхон дар як сол 11,2 миллион ниҳоли дарахти мевадиҳанда омода мекунад, ки 70 дарсади бозори маҳаллиро таъмин менамояд.

XS
SM
MD
LG