Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев дар мулоқот бо муфтии нави кишвараш аз нақши давлат дар умури дин ёдовар шуд


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон дар мулоқоти рӯзи 13 декабраш бо муфтии олии нави кишвараш аз нақши муҳими давлат дар танзими умури дин ёдовар шуд.

Назарбоев дастур дод, нуқтаҳои муҳими лоиҳаи қонуни фаъолияти динӣ ба мардум фаҳмонида шавад. Президенти Қазоқистон дар ин мулоқот гуфтааст, "аз ҷониби давлат ҳамаи талошҳо анҷом шудааст, ки ҳар шаҳрванд дар адои талаботи динӣ озод бошад".

"Дар кишвари мо ҷавононе ҳастанд, ки аз рӯи пайравӣ ба муди замона ба масҷид мераванд, онҳое ҳам ҳастанд, ки шимашонро мебуранд, риш мемонанд. Бояд ба ҳамаи онҳо талаботи ислом дуруст фаҳмонида шавад", - гуфт Назарбоев. Моҳи апрел Назарбоев даъват кард, ки гузоштани риш ва пӯшидани шимҳои кутоҳ дар сатҳи қонунгузорӣ манъ шавад.

XS
SM
MD
LG