Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон чаҳор истироҳатгоҳи Иссиқкӯлро ба Узбакистон дод


Иссиқкӯл
Иссиқкӯл

Қирғизистон як қитъаи замин дар вилояти Иссиқкӯл, бо чаҳор истироҳатгоҳи замонавиро ба Узбакистон дод.

Нахуствазири Қирғизистон Сафар Исҳоқов дар ин бора рӯзи 12 декабр фармон имзо кард.

"Ин тасмимбар поияи Шартномаи дӯстии ҷовидонӣ миёни Қирғизистон ва Узбакистон гирифта шуд, ки 24 декабри соли 1994 ба имзо расида буд", - гуфт ҳукумати Қирғизистон ва афзӯд, ки "санади мазкур ба рушди туризм ва ҷалби сармоягузорон равона шудааст".

Сухан аз боби чаҳор истироҳатгоҳ - "Регҳои тилоӣ", "Олтин-Жай", "Энесей" - "Дилором"-и пешин ва "Бӯстон" аст.

Истироҳатгоҳҳои номбурда дар гузашта низ ба Узбакистон таалуқ доштанд, вале баъди сард шудани равобити ду кишвар дар аҳди Ислом Каримов, президенти пешни Узбакистон, Бишкек онҳоро бозпас гирифт.

Истироҳатгоҳҳои номбурда моликияти Қирғизистон боқӣ мемонад ва танҳо барои истифодаи муваққат ба Узбакистон дода мешаванд.

XS
SM
MD
LG