Пайвандҳои дастрасӣ

Миттал ба эътирозгарон 30 дарсад маоши бештар ваъда кард


Ангиштканҳои қазоқ ба хотири боло бурдани маош тазоҳурот карданд

500 нақбкани ширкати "Арселор Миттал Темиртау", ки дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон корпартоӣ кардаанд, ки то иҷрои тамоми талабҳояшон аз зери замин берун намеоянд.

Субҳи 13-уми декабр ҳудуди 150 тани онҳо баъд аз ваъдаи мақомоти маҳаллӣ дар бораи боло бурдани ҳаҷми маош аз нақбҳо берун омадаанд. Вале, ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, бахши умдаи ангиштканҳо ҳанӯз ҳам ба иҷрои талабҳои худ пойфишорӣ доранд ва аз зери замин берун намеоянд.

Нақбкан Сергей Галстер рӯзи 13-уми декабр гуфт, "дишаб бархе аз онҳо, ки вазъи саломаташон барои идомаи эътироз иҷозат намедиҳад, берун шуданд. Баъзеи дигар низ аз нигоҳи равонӣ хаста шуда, аз нақбҳо баромаданд. Албатта, ин маънои онро надорад, ки онҳо дигар иҷрои шартҳои худро талаб намекунанд. Ҳоло барои гуфтугӯ меравем."

Раиси иттифоқи касабаи ангиштканони "Коргау" Марат Мирғиёсов ҳам тасдиқ кард, бархе аз нақбканони норозӣ аз конҳо берун омадаанд.

"Дар рафти гуфтугӯ масъулони ширкат пешниҳод карданд, ки маоши нақбканонро вобаста ба мақоми корияшон аз 10 то 30% боло хоҳанд бурд. Мо хостем, барои ҳама якхел - 30 дарсадӣ боло баранд. Ҳамчунин исрор дорем, ки имсол маоши 13-ум низ пардохт шавад", - афзуд ӯ.

Кормандони "Арселор Миттал Темиртау" ҳанӯз моҳи августи соли равон масъалаи боло бурдани маошро ба миён гузошта буданд. Ба гуфтаи Мирғиёсов, Агар корфармо он замон сари вақт вориди гуфтугӯ мешуду нақшаҳои худро ба коргарон мефаҳмонд, имрӯз ин эътироз рух намедод.

Видеоҳои охирин

Ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба раҳпаймоии низомӣ дар Эрон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:45 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG