Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Остона: Садҳо кӯдак аз Қазоқистон дар Сурияву Ироқ боқӣ мондаанд


Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ки дар минтақаҳои ҷангии Сурияву Ироқ дар ҳоли ҳозир 390 ноболиғ аз Қазоқистон ҳузур доранд.

"Аз ин шумор 214 писар ва 176 духтар ҳастанд", - гуфт муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Нургалӣ Билисбеков рӯзи 12-уми декабр. Ӯ афзуд, "барои ба ҳаёти маъмулӣ баргардонидани онҳо кори зиёд бояд кард."

Бино ба иттилои мақомоти Қазоқистон, аз "минтақаҳои доғ" давоми солҳои охир ба кишвар 63 ноболиғ баргардонда шудааст. Ба гуфтаи масъулони Қазоқистон, баргардондани ии ҳадди ақал 50 тифли дигар дар назар аст.

Мақомот мегӯянд, дар солҳои ахир садҳо шаҳрванди Қазоқистон ба Сурияву Ироқ рафтаанд.

Видеоҳои охирин

Боздошт баъди мулоқот бо нахуствазир. Пашиниён дастгир шуд
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:01:15 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG