Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори "Настоящее Время"-ро дар Тошканд бозпурсӣ карданд


Сид Янишев
Сид Янишев

Кормандони пулиси шаҳри Тошканд рӯзи 12-уми декабр рӯзноманигори мустақил Сид Янишевро, ки бо телевизиони "Настоящее Время" ҳамкорӣ мекард, боздошт кардаанд. Ӯ танҳо баъд аз 6 соати бозпурсӣ дар шуъбаи пулис ва пок кардани тамоми видеову аксҳои бардоштааш озод шудааст.

Ба иттилои расонаҳо, Янишевро ба далели суҳбат бо сокинони биноҳое боздошт кардаанд, ки барои бунёди маҷмааи Тошканд-Ситӣ тахриб мешаванд. Мақомоти Узбакистон ба ин сокинон таҳдид кардаанд, ки агар давоми 10 рӯз ихтиёрӣ хонаҳояшонро тарк накунанд, маҷбурӣ кӯчонида хоҳанд шуд.

Янишев дар суҳбат бо "Настоящее Время" гуфт, бо сокинони маҳаллӣ суҳбат ва суханҳои онҳоро дар дастгоҳ сабт карда, чанд акс ҳам бардошта буд. Вале ду корманди пулис ба наздаш омада, гуфтаанд, ӯ ҳаққи фаъолияти рӯзноманигориро надорад. Барои ин кор, вай бояд аз расонае ҳуҷҷат дошта бошад.

"Дар Узбакистон мафҳуми "рӯзноманигори мустақил" вуҷуд надорад", - гуфтаанд кормандони пулис.

"Ман танҳо вазифаи рӯзноманигории худро анҷом додам ва кори ғайриқонуние накардаам", - афзуд Янишев. Сид Янишев барои "Настоящее Время" чанд наворе омада кардааст, ки зиндагии воқеии мардумро дар Узбакистон нишон медиҳанд.

​Ӯ тавонистааст аз кӯчаҳое видеову акс бигирад, ки пулиси Тошканд на танҳо ба рӯзноманигорони бидуни санад, балки барои сайёҳон ҳам наворбардории онҳоро иҷозат намедиҳад.

XS
SM
MD
LG