Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп ба иттиҳоми озори ҷинсӣ посух дод


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ба иттиҳоми инки дар озори ҷинсӣ даст дорад, посух дод. Чаҳор сенатори демократ дар пайи айбу шикоятҳои озори ҷинсӣ аз Трамп даъват доранд, ки истеъфо диҳад.

Доналд Трамп рӯзи 12-уми декабр дар Твиттер навишт, “бо вуҷуди сарфи вақту миллионҳо доллар демократҳо натавонистанд, "созиш бо Русия"-ро исбот кунанд. Бинобар ин, ҳоло ба айбу саргузаштҳои сохтаи заноне рӯй овардаанд, ки ман на онҳоро дидаам ва на мешиносам".

"Президент Трамп бояд истеъфо диҳад. Шикоятҳо хеле зиёд ва саҳеҳ ҳастанд", - гуфт сенатори демократ аз Ню-Йорк Керстин Ҷилибрандт дар суҳбат бо телевизиони CNN. Ба гуфтаи ӯ, "агар Трамп довталабона истеъфо надиҳад, пас, Конгресс бояд дар ин замина пажуҳиш анҷом дода, истеъфои ӯро талаб кунад".

Пештар сенатори мустақил Берни Сандрес ва сенаторҳои демократ Корӣ Букеру Ҷефф Мерклӣ ин талабро аз Трамп карда буданд. Ҳамаи онҳо баъди онки сенатор Эл Франкен дар пайи айбҳои хушунати ҷинсӣ истеъфо дод, аз президент хостанд, ки аз мақоми худ канор равад.

Се зане, ки соли гузашта Доналд Трампро дар озору азияти ҷинсӣ айбдор карданд, рӯзи душанбе иддаои худро бори дигар такрор намуданд. Ба гуфтаи онҳо, Конгресс дар ин замина бояд пажуҳиш анҷом диҳад.

XS
SM
MD
LG