Пайвандҳои дастрасӣ

Мандати дабири кулли НАТО то соли 2020 тамдид шуд


Йенс Столтенберг - Дабири кулли НАТО

Кишварҳои узви Паймони Атлантики Шимолӣ - НАТО, мандати дабири кулли созмон - Йенс Столтенбергро то моҳи сентябри соли 2020 тамдид карданд.

"Кишварҳои шарик дабири кулли НАТО-ро табрик ва ба тавонмандии ӯ барои пешрафти НАТО дар муқобили чолишҳои амниятии асри 21 изҳори эътимод карданд",- омадааст дар изҳороти НАТО, ки рӯзи 12 декабр нашр шуд.

Столтенберг, ки солҳои 2000-01 ва 2005 то 2013 нахуствазири Норвегия буд ва соли 2014 дабири кулли НАТО интихоб шуд, ба 29 кишвари узви НАТО барои эътимод ба ӯ дар твиттер изҳори сипос кард.

Столтенбер соли 2014, дар ҳоле ба мақоми дабири кулли Паймон Атлантики Шимолӣ расид, ки Русия Қрими Украинаро ишғол ва ҷанги ҷудоиталабӣ дао Шарқи ин кишварро доман зада буд.

Бо онки НАТО дар посух ба ишғоли Қрим ва амалҳои Русия дар Украина марзҳои шарқиашро таҳким додааст, вале ва аз ҳадафҳои ба ин монанди Русия дар ҷойҳои дигар нигарон аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG