Пайвандҳои дастрасӣ

Даҳҳо нақбкани норозии Қазоқистон аз зери замин берун намеоянд


Тамара Дуйсенова - вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон

Даҳҳо нақбкани минтақаи Қарағандаи Қазоқистон бо талаби боло бурдани маоши онҳо берун шудан аз зери заминро рад карданд.

Мақомоти минтақаи Қарағанда рӯзи 12 декабр гуфтанд, ки ҳудуди 200 коргар дар чор кони ангишти Шахтинск ду шабро дар зери замин сипарӣ карданд. Теъдоди дақиқ эътирозгарон маълум нест.

Аммо вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқистон Тамара Дуйсенова хабар дод, ки наздики 600 коргари конҳои ширкати "АрселорМиттал Темиртау" даст ба эътироз задаанд.

11 декабр даҳҳо коргари ин ширкат баъди басти шабона бо нишони эътироз нахостанд аз нақб берун шаванд. Онҳо талаб доранд, ки музди меҳнаташон баланд ва шароити кориашон беҳтар шавад. Баъдтар хабар дода шуд, ки коргарони чаҳор нақб дар ин эътироз ширкат доранд.

Ба гуфтаи Дуйсенова, гуфтугӯҳо бо коргарон идома доранд. "Каме дертар натиҷаи гуфтугӯҳо эълон мешавад", - афзуд вазир.

Видеоҳои охирин

Тоҷикистон чашм ба роҳи сармояи тоҷикони бурунмарзӣ
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:04:42 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG