Пайвандҳои дастрасӣ

Русия шаҳрвандони Осиёи Марказиро бо гумони терроризм боздошт кард


Раҳбари ФСб Александр Бортников

Раҳбари Хадамоти амнияти Русия Александр Бортников гуфт, ки оҷонсии таҳти назари ӯ "ҳалқа"-и тундравонро хунсо кард, ки барнома доштанд, дар ҷараёни таътилоти солинавӣ ва маъракаи интихоботи президентии соли 2018, амалиёти террористӣ анҷом диҳанд.

Бортников рӯзи 12 декабр дар ҷаласаи Кумити зиддитеррористӣ гуфт, ки гумонбарҳо шаҳрвандони Осиёи Марказӣ буданд, ки мехостанд ҳамлаҳои интиҳорӣ ва дигар амалҳои террористиро пиёда кунанд.

Раҳбари Хадамоти амнияти Русия гуфт, ки гумонбарон рӯзи 11 декабр дар навоҳии атрофи Маскав боздошт шуданд. Бортников нагуфт, ки чӣ теъдод шаҳрвандони Осиёи Марказӣ боздошт шудаанд.

"Кормандони ФСБ аз ин гурӯҳ маводи мунфаҷираи худсохт, силоҳи оташфишон ва муҳимоти дигарро мусодира карданд. Ҳамчунин дастгоҳҳои таҳияи маводи ошкор шуд",- гуфт Александр Бортников

Хадамоти амнияти Русия -ФСБ, дар бораи хунсо кардани амалҳои террористӣ, қабл аз ҷашну маъракаҳо, зуд-зуд хабар пахш мекунад.

Президенти Русия Владимир Путин ҳафтаи гузашта эълон кард, ки мехоҳад барои як даври дигар раиси ҷумҳур шавад. Интихобот ба 18 марти соли 2018 барномарезӣ шудааст.

Видеоҳои охирин

Андози зиёд мафоди ширкатҳои мобилии Тоҷикистонро коҳиш додааст
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:02:30 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG