Пайвандҳои дастрасӣ

Мирзиёев эътироф кард, ки қабули фармони зидди шиканҷа осон набуд


Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев

Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар як суханронӣ эътироф кард, ки қабули фармони зидди шиканҷа барояш осон набуд.

Бино бар фармони президенти Узбакистон, ки ҳафтаи пеш пеш қабул шуд, дар парвандаҳои ҷиноятӣ эътирофе, ки зери шиканҷа ҳосил шудааст, аз сӯи додгоҳҳо ба эътибор гирифта намешавад.

"Қабули ин фармон осон набуд. Сабабаш дар ин аст, ки мардум мегӯяд "кӯзапӯштро хоки гӯр рост мекунад". Аз ҳамин хотир, ин фармон на ба ҳама писанд омад. Аммо ман фикр мекунам, солҳо мегузаранд ва ин фармонро ҳама қабул мекунанд. Зеро мо мехоҳем ҷомеаи озод ва шаффоф бисозем. Ҷаҳонбиниамонро тағйир диҳем", - гуфт Шавкат Мирзиёев.

Акнун дар Узбакистон, ба гуфтаи президент, боздоштгоҳҳои тафтишотӣ ва боздоштгоҳҳои муваққатӣ бо дурбинҳои назоратӣ муҷаҳҳаз мешаванд. "Аз ҳама муҳим- ҳеч хабар дар бораи истифодаи шиканҷа набояд нодида гирифта шавад. Мақомоти прокуратура чунин ҳолатҳоро тафтиш ва гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ ҷалб мекунанд", - афзуд Мирзиёев.

Видеоҳои охирин

Боздошти даҳҳо нафар дар эътирозҳои Ереван
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:02:41 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG